Гумрукчиён воридоти дорувории пастсифатро пешгирӣ карданд

Аввали моҳи феврал  дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Ятим Маҷидов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар воридоти чунин маводҳо боздошт гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, номбурда маводҳои дорувории Амоксицилин – 992 қуттӣ, Ацетамол – 392 қуттӣ, ва Руфен – 41 қуттӣ, […]

ASIA-Plus



Аввали моҳи феврал  дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Ятим Маҷидов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар воридоти чунин маводҳо боздошт гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, номбурда маводҳои дорувории Амоксицилин – 992 қуттӣ, Ацетамол – 392 қуттӣ, ва Руфен – 41 қуттӣ, ки маблағи умумияш 23 306 доллари ИМА-ро ташкил медод, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид намуда дар дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и гумруки Қӯурғонтеппа ҷойгир менамояд.

«Ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии кишвар муайян кард, ки молҳои мазкур ба талаботи стандартҳои аслӣ чавобгӯ набуда, бо сифати паст истеҳсол шудаанд, ки метавонанд ба саломатии мардум осеб низ расонанд», – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, новобаста аз он ки шаҳрванд Маҷидов дар гузашта низ бо чунин амали нангини худ муттаҳам дониста мешуд, боз ба чунин кирдор даст задааст. Аз рӯи ин ҳодиса нисбати гумонбар бо моддаи 201 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.