Иҷозаи вуруди дубораи 182 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия

Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Россия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, айни замон, аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ ба 140 нафар донишҷӯёни кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамуданд ва 42 нафар […]

ASIA-Plus



Ба 182 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Россия иҷозаи дубора ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар дода шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, айни замон, аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ ба 140 нафар донишҷӯёни кишвар, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамуданд ва 42 нафар шаҳрвандоне, ки оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона доштанд, иҷозаи дубора гирифтанд ва айниҳол бо кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони мазкур дар Федератсияи Россия қарор доранд.

Хотиррасон мешавад, ки шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар бо сабабҳои номаълум аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия   манъ карда шудааст, бо ҳуҷҷатҳои асоснок оид ба наздикони оила, донишҷӯён, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (Вид на жительство и РВП), беморон ва амволи хона (имущество метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.