Ифтитоҳи мактаби нав дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шӯрообод

Дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи мактаби нав доир гардид, ки дар он намояндагони сафорати ИМА ва раиси ҷамоати зерноҳияи Сари Чашма Амирхон Икромзода иштирок карданд. Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳукумати ИМА бо ифтихор Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат додани дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дастгирӣ менамояд. Аз […]

ASIA-Plus



Дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи мактаби нав доир гардид, ки дар он намояндагони сафорати ИМА ва раиси ҷамоати зерноҳияи Сари Чашма Амирхон Икромзода иштирок карданд.

Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ҳукумати ИМА бо ифтихор Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат додани дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дастгирӣ менамояд. Аз соли 2011 Сафорати ИМА бо роҳбарияти ноҳияи Шуробод бо мақсади сохтани мактаб дар деҳаи Ҷилга ҳамкории наздик дошт. Мактаби нав ба кӯдакони деҳаҳои атрофу дурдаст барои гирифтани маълумот имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Акнун мактаби нави деҳаи Ҷилга метавонад 350 кӯдакро, ки ба маълумот дастрасӣ надоштанд, фаро гирад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарики мӯътабари Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. Ифтитоҳи мактаби нави деҳаи Ҷилга шаҳодати яке аз роҳҳои зиёдест, ки Ҳукумати ИМА бо Раёсати маорифи ноҳияи Шуробод ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагию маълумоти хонандагони ноҳия ҳамкорӣ намудааст.

Аз соли 1992 то ин ҷониб, мардуми Амрико маблағи зиёда аз 1 млрд. доллари амрикоиро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.