Рӯзи 29 январи соли 2015 шаҳрванд Қосимова О.Д. ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе нисбати мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Шаҳодат Ҳайдарова ва мутахассиси бахши ҳамин муассиса Малика Мадаминова оид ба амалҳои ғайриқонуниашон бо ариза муроҷиат намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҶТ, номбурдагон барои иваз намудани ному насаби писари шаҳрванд Қосимова, ки ному насабаш Бурҷинов Аломуддин мебошад аз ӯ маблағи 100 сомонӣ гирита, боз овардани маблағи 150 доллари амрикоиро талаб кардаанд.
«Санаи 29 январи соли 2015 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, Мадаминова мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми гирифтани маблағи 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз шаҳрванд Қосимова дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва мусодира шуданд», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур санаи 29 январи соли 2015 нисбати Мадаминова М. ва Ҳайдарова Ш. А. бо моддаи 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.



