Гумрукчиён воридоти дорувории пастсифатро пешгирӣ карданд



Аввали моҳи феврал  дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Ятим Маҷидов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар воридоти чунин маводҳо боздошт гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, номбурда маводҳои дорувории Амоксицилин – 992 қуттӣ, Ацетамол – 392 қуттӣ, ва Руфен – 41 қуттӣ, ки маблағи умумияш 23 306 доллари ИМА-ро ташкил медод, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид намуда дар дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и гумруки Қӯурғонтеппа ҷойгир менамояд.

«Ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии кишвар муайян кард, ки молҳои мазкур ба талаботи стандартҳои аслӣ чавобгӯ набуда, бо сифати паст истеҳсол шудаанд, ки метавонанд ба саломатии мардум осеб низ расонанд», – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, новобаста аз он ки шаҳрванд Маҷидов дар гузашта низ бо чунин амали нангини худ муттаҳам дониста мешуд, боз ба чунин кирдор даст задааст. Аз рӯи ин ҳодиса нисбати гумонбар бо моддаи 201 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное