Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз вилояти Хатлон бо муҳоҷирини кории шаҳру вилоятҳои Маскаву Твери Федератсияи Русия дидору мулоқотҳо анҷом доданд.
Тавре муҳоҷирини тоҷик аз ин шаҳрҳо хабар доданд, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода тайи як ҳафта ба сохтмону бозорҳо ва дигар маконҳое, ки асосан тоҷикон кору фаъолият доранд, сафар карда бо вазъи будубош, тартиби зист, мушкилоти онҳо ва шароити кории онҳо шинос шуданд.
Ҳамчунин зимни дидору мулоқотҳояшон намояндагони ҲХДТ ҳамватанони бурунмарзиро бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иктисодиёти кишвар шинос намуда, ҳамчунин оиди таълиму тарбияи насли наврас, саҳми волидон дар таъминоти иқтисодиву иҷтимоии фарзандон, ҳамчунин беҳтар кардани муносибат ва таваҷҷуҳи бештар барои тарбияи онҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳайати корӣ ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо губернатори вилояти Твер иштирок ва дар масъалаи раванди муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанон дархосту пешниҳодҳои худро изҳор карданд.
Зимни суханронӣ дар дидор бо муҳоҷирин Маҳмад Шодиён ва Хоналӣ Қурбонзода аз ҷумла оид ба вазъи маорифи кишвар, мушкилоти соҳа, вазъи умумии кишвар, дастовардҳои солҳои охир ҳарф зада, таваҷҷӯҳи муҳоҷиринро ба тарбияи фарзандон равон карданд.



