Президент ангораи ҷашни Наврӯзро тасдиқ намуд



Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад.

Гуфта мешавад, ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.

Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии хоси мардуми форс-тоҷик буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин ё худ 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Бо фаро расидани фасли баҳор деҳқон бо умеди он, ки соли бобарор ва пурфайзу баракатеро дошта бошад, ба киштукор оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардида, ахири моҳи феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаъи кулли СММ санаи 21-уми март «Рӯзи байнулмилалии Наврӯз» эълон шуд.

Ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное