Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, ки рӯзи 4-уми феврал модари 4 тифли навзод шуд, манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақаи 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.
Котиби матбуотии президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 5-уми феврал бо супориши сарвари давлат муовини нахуствазир Марҳабо Ҷабборӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова ба ин таваллудхона ба аёдати модари 26-сола рафтанд.
«Онҳо ба оилаи Маҷнуновҳо қарори президент дар бораи ҷудо кардани манзили сеҳуҷрагии бо тамоми шароити зист таъминбударо супурданд, ки калиди он ба онҳо дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз – 20-уми март тақдим хоҳад шуд», – гуфт Шарифзода.



