Партоби аввалин мушакҳои ҳавопаймоҳои Урдун ба қароргоҳҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ»



Ҳавопаймоҳои зарбазани Урдун ба минтақаҳои мустақари ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар қаламрави Сурия аввалин мушакҳои худро партоб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Урдун тасмими муборизаи шадид бо ифротгароёнро баъд аз он гирифт, ки мусаллаҳони «Давлати исломӣ» сарнишини урдунӣ – Моаза ал-Касасбиро ду рӯз қабл дар дохили панҷараи оҳанин зинда оташ заданд.

Гуфта мешавад, тайёраҳои низомии Урдун нуҳуфтгоҳ ва майдонҳои тамринии ҷангиёни «Давлати исломӣ»-ро мавриди ҳадаф қарор доданд. Дар мавриди талафони ҷонӣ маълумот дода нашудааст.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии тамғаи F-16 баъди партоби мушакҳо ба мавзеъҳои ҷойгири ифротгароёни «Давлати исломӣ» дар Сурия ба Урдун баргашта, болои рустои Айя, ки деҳаи сарнишини қурбонии урдунӣ ба шумор меравад, давр заданд. Ин замон Шоҳи Урдун – Абдулло ҷиҳати баёни таъзия ба наздикони сарнишин – Моаза ал-Касасби ба манзили истиқоматии марҳум ташриф оварда буд.

Низомиёни мудофиавии Урдун иброз доштанд, ки муборизаро шадид хоҳанд кард. Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» сарнишини Урдунро баъди суқути ҳавопаймо дар хоки Сурия ба асорат гирифта буданд.

spot_imgspot_img

Популярное