Пешниҳодҳои нави Меркел ва Олланд ҷиҳати хотимаи даргириҳо дар Украина

Канслери Олмон Ангела Меркел бо Президенти Фаронса Франсуа Олланд бо як сафари ғайриинтизори сулҳҷӯёна вориди Украина шуданд. Онҳо дар шаҳри Киев бо президенти Украина Петр Порошенко мулоқот анҷом намуда, вазъи кунунии ин кишвари ҷангзадаро мавриди баррасӣ карор доданд. Бино ба иттилои торнамои расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», ҳамакнун имрӯз онҳо ҷиҳати мулоқот бо Владимир Путин озими Федератсияи […]

ASIA-Plus



Канслери Олмон Ангела Меркел бо Президенти Фаронса Франсуа Олланд бо як сафари ғайриинтизори сулҳҷӯёна вориди Украина шуданд. Онҳо дар шаҳри Киев бо президенти Украина Петр Порошенко мулоқот анҷом намуда, вазъи кунунии ин кишвари ҷангзадаро мавриди баррасӣ карор доданд.

Бино ба иттилои торнамои расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», ҳамакнун имрӯз онҳо ҷиҳати мулоқот бо Владимир Путин озими Федератсияи Россия мешаванд.

Гуфта мешавад, роҳбарони воломақоми Франсия ва Олмон иброз доштаанд, ки барои хотима гузоштан ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Донбасс ва Донеск пешниҳоди нав дошта, муътақиданд, ки пешниҳодашон ҷонибҳои даргирро қонеъ гардонида метавонад.

Зимнан зикр мегардад, ки нимаи аввали рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар шаҳри Киев зимни вохӯрӣ бо Президенти Украина изҳор дошт, ки хостори ҳалли мусолиматомези дипломатии ҷонибҳои даргир аст.

Котиби давлатии ИМА аз Украина ба Брюссел сафар кард. Дар Брюссел намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои НАТО масъалаи даргириҳо дар Украина ва роҳҳои хотима гузоштан ба нофаҳмиҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.