Имкони бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар Хуҷанд

Раиси вилоти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба раҳбарияти корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» пешниҳод намуд, ки дар оянда дар шаҳри Хуҷанд шабакаи барқу гармидиҳии ширкатро бо иқтидори 100 мегават бунёд намоянд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот бо раҳбарияти ин корхона А.Қодирӣ зикр кард, ки сохтмони чунин иншоот дар маркази маъмурии […]

ASIA-Plus



Раиси вилоти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба раҳбарияти корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» пешниҳод намуд, ки дар оянда дар шаҳри Хуҷанд шабакаи барқу гармидиҳии ширкатро бо иқтидори 100 мегават бунёд намоянд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот бо раҳбарияти ин корхона А.Қодирӣ зикр кард, ки сохтмони чунин иншоот дар маркази маъмурии вилоят метавонад баҳри таъмини беҳтари сокинони шаҳр ва вилоят бо нерӯи барқ ва гармидиҳӣ мусоидат намояд.

Гуфта мешавад, раҳбарияти корхонаи «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» ин пешниҳоди раиси вилоятро бо хушнудӣ пазируфтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри дуюми бузурги Тоҷикистон то ҳанӯз маркази барқу гармидиҳӣ мавҷуд нест. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Хуҷанд тариқи дегхонаҳои ҷудогона дар маҳаллаҳо бо гармӣ таъмин мегардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.