Партоби аввалин мушакҳои ҳавопаймоҳои Урдун ба қароргоҳҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ»

Ҳавопаймоҳои зарбазани Урдун ба минтақаҳои мустақари ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар қаламрави Сурия аввалин мушакҳои худро партоб кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Урдун тасмими муборизаи шадид бо ифротгароёнро баъд аз он гирифт, ки мусаллаҳони «Давлати исломӣ» сарнишини урдунӣ – Моаза ал-Касасбиро ду рӯз қабл дар дохили панҷараи оҳанин зинда оташ заданд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймоҳои зарбазани Урдун ба минтақаҳои мустақари ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар қаламрави Сурия аввалин мушакҳои худро партоб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Урдун тасмими муборизаи шадид бо ифротгароёнро баъд аз он гирифт, ки мусаллаҳони «Давлати исломӣ» сарнишини урдунӣ – Моаза ал-Касасбиро ду рӯз қабл дар дохили панҷараи оҳанин зинда оташ заданд.

Гуфта мешавад, тайёраҳои низомии Урдун нуҳуфтгоҳ ва майдонҳои тамринии ҷангиёни «Давлати исломӣ»-ро мавриди ҳадаф қарор доданд. Дар мавриди талафони ҷонӣ маълумот дода нашудааст.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии тамғаи F-16 баъди партоби мушакҳо ба мавзеъҳои ҷойгири ифротгароёни «Давлати исломӣ» дар Сурия ба Урдун баргашта, болои рустои Айя, ки деҳаи сарнишини қурбонии урдунӣ ба шумор меравад, давр заданд. Ин замон Шоҳи Урдун – Абдулло ҷиҳати баёни таъзия ба наздикони сарнишин – Моаза ал-Касасби ба манзили истиқоматии марҳум ташриф оварда буд.

Низомиёни мудофиавии Урдун иброз доштанд, ки муборизаро шадид хоҳанд кард. Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» сарнишини Урдунро баъди суқути ҳавопаймо дар хоки Сурия ба асорат гирифта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.