КМИР Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузашт

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар остонаи маъракаи санаи 1-уми март таъиншудаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузашт. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи кории аъзо ва тамоми кормандони КМИР то соати 20-21-и шом дароз карда шуда, […]

ASIA-Plus



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар остонаи маъракаи санаи 1-уми март таъиншудаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузашт.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи кории аъзо ва тамоми кормандони КМИР то соати 20-21-и шом дароз карда шуда, шабона то субҳ навбатдории шахсони масъул ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ комилан ба анҷом расида, ба 22 курсии парлумонӣ аз аҳзоби сиёсӣ 103 нафар номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд. «Шоми санаи 8 феврал ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом мерасад», – иброз дошт номбурда.

Додозода хотиррасон намуд, ки ба 41 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.