Сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Ҷиҳати такмил додани инфрасохтори фурудгоҳ миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД), Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таърихи 4 июни  соли 2014 протоколи сеҷониба ба тасвиб расонида шуд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадаюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2014 пас аз ба анҷом расидани корҳои зарурии техникӣ, иқтисодӣ, […]

ASIA-Plus



Ҷиҳати такмил додани инфрасохтори фурудгоҳ миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД), Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таърихи 4 июни  соли 2014 протоколи сеҷониба ба тасвиб расонида шуд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадаюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2014 пас аз ба анҷом расидани корҳои зарурии техникӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ 29.09.2014 вобаста ба лоиҳаи «Беҳдошти инфрасохтори фурудгоҳи байналмилали Душанбе» созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония «JICA» баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 19 млн. доллари амрикоӣ грант ҷудо намуд.

Алҳол аз ҷониби коршиносони агентӣ ва мутахассисони фурудгоҳ ҷанбаҳои техникии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонӣ омӯхта ва таҳлил гардида, ҳисоботҳои пешакӣ тайёр карда шудаанд.

Таърихи 03 ноябри 2014 бобати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҶСК «ФБД» ба сифати фармоишгар бо Консорсиуми ширкатҳои «Nippon Koei Co., LTD, – Japan Airport consultant, Inc, – Daiken Sekkei Inc» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.

Сохтмони терминали боркашонӣ имкон медиҳад, ки боркашонӣ тариқи ҳавопаймоҳо ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шуда, барои рейсҳои транзитӣ шабакаи хатсайрҳои гуногунсамт ташкил гардида, ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ бароварда шавад.

Бо таҷҳизоти муосиртарин, системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии дақиқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) таҷҳизонида шудани фурӯдгоҳ минбаъд имконият медиҳанд, ки ҳавопаймоҳо мутобиқи талаботи дараҷаи аввал, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) муқаррар гардидааст, дар хати нишасту парвоз фуруд оянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.