Э.Раҳмон: Қатли ҳавонавард моро ба даҳшат андохт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби қатли ҳавонаварди урдунӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «фоҷеаи қатли ҳайвонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби қатли ҳавонаварди урдунӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «фоҷеаи қатли ҳайвонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» моро ба даҳшат андохт».

«Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбати ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар фарҷом президенти Тоҷикистон ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, пайвандони шаҳид ва мардуми Урдун таъзияву ҳамдардии самимона изҳор мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.