Шабдолов дар бораи тафовутҳои усулии барномаи коммунистон аз дигар аҳзоб

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ изҳор намуд, ки вазифаи асосии иштироки ҲКТ дар интихоботи мазкур дар он ифода меёбад, ки ба интихобкунандагон ба таври дастрасу фаҳмо тафовутҳои усулии муқаррарароти асосии платформаи коммунистон аз платформаи аҳзоби дигарро шарҳу тавзеҳ додан зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, миёни интихобкунандагон ақидае […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ изҳор намуд, ки вазифаи асосии иштироки ҲКТ дар интихоботи мазкур дар он ифода меёбад, ки ба интихобкунандагон ба таври дастрасу фаҳмо тафовутҳои усулии муқаррарароти асосии платформаи коммунистон аз платформаи аҳзоби дигарро шарҳу тавзеҳ додан зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, миёни интихобкунандагон ақидае роиҷ аст, ки барномаи пешазинтихобтии ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ яксон мебошанд, яъне ҳадафи ҳамаи онҳо аз дастрасу ройгон кардани бахши маорифу тандурустӣ ва решакан кардани коррупсия дар ин соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини музди меҳнат ва нафақаи шоиставу арзанда иборат аст, ки воқеъан ҳам ҳама хостори онанд.

«Вале ин ҷо сари роҳу воситаҳои ҳалли ин мушкилот сухан меравад. Ба ҷуз ҲКТ, ҳеҷ касе ошкоро намегӯяд, ки дар чаҳорчӯби иқтисоди бозаргонии ҳозира, яъне дар доираи капитализм куллан ҳал шудани мушкилоти зикршуда ғайриимкон аст, ин ҷо метавон танҳо азияти мардуми заҳматикашро каме сабук кард», – иброз дошт Шабдолов.

Раиси ҲКТ бар ин назар аст, ки ҳимояти комили иҷтимии мардуми заҳматкашро танҳо сохти сотсиалистӣ таъмин карда метавонад. «Аз ин рӯ, ҲКТ ба интихобкунандагони худ роҳу воситаҳои воқеъан имконпазир дар доираи иқтисоди бозорӣ – сабук кардани азияти қишри бештар камбизоати заҳматкашонро ваъда медиҳад. Дар парлумон ин танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки агар президент, ҳукумат, ҲКТ ва аҳзоби дигар хостори он бошанд», – афзуд Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.