Анҷоми маросими сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ

Рӯзи 8 феврал маросими сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом расид. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи имрӯз КМИР шумори номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботиро, ки расман ба қайд […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 8 феврал маросими сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом расид.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи имрӯз КМИР шумори номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботиро, ки расман ба қайд гирифта шуда, барои курсии вакилӣ рақобат мекунанд, пешкаши ҳамагон мегардонад.

Додозода хотиррасон намуд, ки ба 41 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ комилан ба анҷом расида, ба 22 курсии парлумонӣ аз аҳзоби сиёсӣ 103 нафар номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.