Гумонбарии як сокини пойтахт ба таҷовуз ба номуси фарзандонаш



Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, як сокини шаҳри Душанбе ба гумони таҷовуз ба номуси фарзандонаш боздошт шудааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди 47-сола Ҷ.М., ки пеш бо моддаи 228 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия суд шудааст, бо гумони таҷовуз ба номус ва содир намудани дигар ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусиятҳои шаҳвонидошта дастгир гардид.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки ӯ моҳи декабри соли 2014 бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтараш Ҷ.Ш. соли таваллудаш 1993, таҷовуз намуда, бо ин қонеъ нагардида, нисбаташ ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Ҳамчунин номбурда санаи 03.02.с.2014 нисбати писари 14-солаи ноболиғаш, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ, аз вазъияти оҷизонааш  истифода бурда, ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное