Танҳо моҳи январ беш аз 45 ҳазор нафар тоҷикистониён муҳоҷиратро ихтиёр карданд



Танҳо дар моҳи январи соли равон 45 ҳазору 418 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути тайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба самти Русия  раҳсипор шудаанд, ки аз онҳо 6 ҳазору 858 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аксари муҳоҷирон ба Русия ва аз шумори умумӣ ҳамагӣ 245нафарашон ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, дар моҳи январ 39 ҳазору 654 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд, ки 5 ҳазору 361 нафарашон занон мебошанд. «Мутаассифона, 239 нафар шаҳрвандони мо барои ҳуқуқвайронкунии қоидаҳои будубош, бозпас гардонида шудаанд, ки 39 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд», – хабар медиҳад манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное