Сӯхтор дар ноҳияи Темурмалик ҷони тифли 1-соларо рабуд



Рӯзи 11 феврал дар натиҷаи нодуруст истифода кардани таҷҳизоти барқӣ дар манзили сокини 58-солаи ноҳияи Темурмалик Майрамбӣ Бобоева сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, оташ майдони 35 метри мураббаъро фаро гирифта, аз ҷароҳатҳои гирифтаи сӯхта набераи соҳибхоназан Басиямоҳи 1-сола ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, маблағи умумии зиёни расида аз сӯхтор 5 ҳазор сомониро ташкил додааст.

spot_imgspot_img

Популярное