Душанбеву Боку хатсайри мустақими ҳавоиро барқарор карданианд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода рӯзи 11-уми феврал бо сафири Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Ҳасанов мулоқот орсота, зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба бараасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри […]

ASIA-Plus



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода рӯзи 11-уми феврал бо сафири Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Ҳасанов мулоқот орсота, зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба бараасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ ва ғайра табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи октябри соли гузашта пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

изҳор намуда буд

, ки ҷонибҳо ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдоранд.

Қобили зикр аст, ки  10-уми июли соли 2012 хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку ифтитоҳ гардида, вале бинобар сабаби камбуди мусофирон минбаъд баста шуд. Моҳи марти соли 2013 низ ин хатсайр барқарор карда шуд, вале боз ҳам ба иллати сабаби дар боло зикршуда мутаваққиф гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.