Ҳалокати сокинони Ҳисору Истаравшан зери чархи автомашина

Бар асари садамаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои Ҳисору Истаравшан 2 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 11 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,  сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмадризо Қурбонови 27-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои Ҳисору Истаравшан 2 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 11 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,  сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмадризо Қурбонови 27-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 50-55 соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айни замон шахсияти пиёдагард муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, ҳамчунин дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар ҳудуди деҳаи Обҷувози ноҳияи Истаравшан ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-СРВ”, сокини ноҳияи Истаравшан Суҳробҷон Махсумови 29-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Замира Зиёеваи 25-сола, сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.