Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 19 феврал дар маросими ба истифода додани бинои нави дуошёнаи комисариати ҳарбӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон иштирок кард.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинои нави комиссариат аз ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, бунгоҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ иборат буда, бо дастгирии молиявии фонди захиравии президенти Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
«Ояндаи наздик сохтмони биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми маросими ба истифода додани бино вазири мудофиаи ҷумҳурӣ бо намояндагони ҳукуумати маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа мулоқот ороста, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва беҳбуди сифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.



