Моҳи январ 25 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон хориҷ шуданд

Дар натиҷаи рейдҳои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон машғуланд ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Тоҷикистон бе иҷозат расмӣ кору фаъолият менамоянд, маълум гардид, ки 2 ҳазору 72 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти муҳоҷират, […]

Аваз Юлдошев



Дар натиҷаи рейдҳои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон машғуланд ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Тоҷикистон бе иҷозат расмӣ кору фаъолият менамоянд, маълум гардид, ки 2 ҳазору 72 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти муҳоҷират, нисбати 37-нафар шаҳвандони хориҷӣ, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон нисбати 25-нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бубдубош дар ҳудуди ҶТ бо моддаи 499 қ-1 КҲМ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суди ноҳияи Шоҳмансур аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.