Ташрифи 427 нозири байнулмилалӣ ба Душанбе

Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Евгений Слобода имрӯз бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён дидору гуфтушунид мекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти мазкур Ш.Шоҳиён ба ҳамсуҳбаташ оид ба ҷараёни маъракаи интихобот дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла тадбирҳои андешида баҳри таъмини шаффофият […]

Аваз Юлдошев



Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Евгений Слобода имрӯз бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён дидору гуфтушунид мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти мазкур Ш.Шоҳиён ба ҳамсуҳбаташ оид ба ҷараёни маъракаи интихобот дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла тадбирҳои андешида баҳри таъмини шаффофият ва волоияти қонун дар интихобот  маълумот хоҳад дод.

«То имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯъ 427 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ ва кишварҳои ҷудогонаро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифт», – гуфт ӯ.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона интизорӣ меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.