Идомаи болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон

Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке боло рафт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 19 феврал қурби одллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,7250-5,7450 сомониро ташкил додааст. Гуфта мешавад, қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке боло рафт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 19 феврал қурби одллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,7250-5,7450 сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 5,7350-5,7550 сомонӣ, ш. Хуҷанд – 5,7400-5,7600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа –   5,7300-5,7500 баробар шудааст.

«БМТ мунтазам ҳамарӯза дар бозори асъор фаъолият дошта, ба вазъи он бевосита таъсир мерасонад. Мо кӯшиш мекунем, ки тағйири қурби асъорро устувор нигоҳ дорем, то ки он ба афзоиши нархи маҳсулот боис нагардад. Аз ҷумла, тариқи фурӯши нақдӣ ва ғайринақдии доллар дар бозори дохилӣ», – изҳор дошта буд чанд рӯз қабл дар робита ба ин масъала раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.

Тибқи маълумоти БМТ, ҳафтаи равон қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,0895-0,0905 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4360-6,4570 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.