Бинои нави комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Хуросон

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 19 феврал дар маросими ба истифода додани бинои нави дуошёнаи комисариати ҳарбӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон иштирок кард. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинои нави комиссариат аз ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, бунгоҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ иборат […]

ASIA-Plus



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 19 феврал дар маросими ба истифода додани бинои нави дуошёнаи комисариати ҳарбӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон иштирок кард.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинои нави комиссариат аз ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, бунгоҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ иборат буда, бо дастгирии молиявии фонди захиравии президенти Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

«Ояндаи наздик сохтмони биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми маросими ба истифода додани бино вазири мудофиаи ҷумҳурӣ бо намояндагони ҳукуумати маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа мулоқот ороста, дар вохӯрӣ ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва беҳбуди сифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.