Тоҷикистон масъалаи ҳисоббаробарӣ бо Чин бо юанро меомӯзад

– Масъалаи истифодаи арзи миллии Чин – юан зимни ҳисоббаробарӣ миёни Тоҷикистону Чинро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) айни замон мавриди омӯзиш қарор додааст, – иттилоъ дод раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов. Дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи Тоҷикистон А.Ширинов дар ин робита изҳор намудааст, ки тибқи қонунгузории асъор ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ягон маҳдудият барои мубодилаи асъори хориҷӣ […]

ASIA-Plus



– Масъалаи истифодаи арзи миллии Чин – юан зимни ҳисоббаробарӣ миёни Тоҷикистону Чинро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) айни замон мавриди омӯзиш қарор додааст, – иттилоъ дод раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.

Дар

мусоҳиба

ба ҳафтаномаи Тоҷикистон А.Ширинов дар ин робита изҳор намудааст, ки тибқи қонунгузории асъор ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ягон маҳдудият барои мубодилаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ нест.

«Мушкилот дигар аст. Айни замон дар бозори дохилии асъори мо мубодилаи васеъи сомонӣ бо юани Чин шуруъ нашудааст. Имрӯз анъана шудааст, ки тоҷирони мо аз Чин бо доллар маҳсулот ворид мекунанд, зеро чиниҳо ҳам танҳо бо долл. ИМА мол мефурӯшанд. Ҳоло мо роҳҳои тағйир додани ин корро омӯхта истодаем. Яке аз ин роҳҳо барпо ва мустаҳкам кардани алоқа бо бонкҳои чинӣ мебошад», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин аз 32 млн. доллари ИМА дар соли 20003 то қариб 1 млрд. доллари ИМА (тибқи омори Тоҷикистон) ва беш аз 2 млрд. доллари ИМА (тибқи омори Чин) дар соли 2013 афзуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.