Дар натиҷаи рейдҳои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон машғуланд ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Тоҷикистон бе иҷозат расмӣ кору фаъолият менамоянд, маълум гардид, ки 2 ҳазору 72 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти муҳоҷират, нисбати 37-нафар шаҳвандони хориҷӣ, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон нисбати 25-нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бубдубош дар ҳудуди ҶТ бо моддаи 499 қ-1 КҲМ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои суди ноҳияи Шоҳмансур аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.



