Натиҷагирӣ аз фаъолияти «Газпром» дар Тоҷикистон

Нимаи аввали рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар Саридораи геология бо иштироки роҳбарияти Саридора ва намояндагони ширкати Газпроми Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, дар мулоқот аз ҳисоботи солонаи ширкат оид ба корҳои иҷрошуда дар майдони Сариқамиш натиҷагирӣ шуда, аз ҷониби намояндагони ширкат қайд карда шуд, ки […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар Саридораи геология бо иштироки роҳбарияти Саридора ва намояндагони ширкати Газпроми Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, дар мулоқот аз ҳисоботи солонаи ширкат оид ба корҳои иҷрошуда дар майдони Сариқамиш натиҷагирӣ шуда, аз ҷониби намояндагони ширкат қайд карда шуд, ки оғози корҳои омӯзиши геологии майдони Шоҳамбарии Ғарбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон барои иҷрои босифату саривақтии нақшаҳои корӣ барои соли 2015 ҷонибҳо пешниҳодҳои худро иброз намуда, инчунин қайд карда шуд, ки барои пешрафти ҳамкориҳо аз ҳамагуна имконият истифода хоҳанд кард.

Қаблан аввали соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар ҷамъи журналистон


изҳор карда буд,


ки ҶСП «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») захираҳои бузурги карбогидридҳои корношоям барои коркарди саноатӣ дар майдони Сариқамиши Тоҷикистонро кашф кардааст.

«Овозаҳои бо ин сабаб Тоҷикистгонро тарк кардани ин ширкат бепоя буда, натиҷаҳои бадастомада гувоҳи онанд, ки дар ин майдон захираи нафту газ мавҷуд аст ва аз ин рӯ, ширкат ба корҳо дар ин майдон идома медиҳад, зеро дар анҷоми корҳои иҷрошуда воситаҳои зиёд масраф гардида, онҳоро баргардонидан лозим аст», – гуфта буд вазир.

Вазир таъкид намуд, ки маълумоти бадастомада аз ин майдон зимни баргузории корҳои иктишофии геологӣ давоми сол аз ҷониби коршиносони пажуҳишгоҳҳои ширкати «Газпром» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, сипас нуқтаи дуюми пармакунӣ муайян карда мешавад.

«Ғайр аз ин, мувофиқи созишномаи баимзорасида, давоми сол «Зарбежнефтегаз» дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ низ бояд корҳои иктишофиро ба роҳ монад», – афзуд Усмонзода.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) 


даст кашида буд.

Қобили зикр аст, ки ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.