Теъдоди фавтидагон аз тармафароӣ дар Афғонистон беш аз 200 нафар арзёбӣ мешавад

Қурбониёни тармафароӣ дар вилояти Панҷшери Афғонистон ба 180 нафар расида, эҳтимоли афзудани теъдоди ҳалокшудагон вуҷуд дорад, чунки чанд нафари дигар зери барфтӯдаҳо дармондаанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», баъзе расонаҳо теъдоди фавтидаҳои ин офати табииро ба 200 нафар нисбат дода, сарчашмаҳои дигар дар бораи бар асари тармафароӣ пурра хароб гардидани 100 манзили […]

ASIA-Plus



Қурбониёни тармафароӣ дар вилояти Панҷшери Афғонистон ба 180 нафар расида, эҳтимоли афзудани теъдоди ҳалокшудагон вуҷуд дорад, чунки чанд нафари дигар зери барфтӯдаҳо дармондаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», баъзе расонаҳо теъдоди фавтидаҳои ин офати табииро ба 200 нафар нисбат дода, сарчашмаҳои дигар дар бораи бар асари тармафароӣ пурра хароб гардидани 100 манзили зист оҷилан гузориш медиҳанд.

Гуфта мешавад, амалиёти ҷустуҷӯйӣ барои дарёфти нопадидшудагон ба таври густурда идома дошта, ба иқрори сокинон, чунин офати табиӣ дар минтақаи онҳо даҳсолаҳо буд, ки рух надодааст.

Зимнан зикр мегардад, ки муддати чанд рӯзест, ки дар баъзе манотиқи ин кишвари ҳамсоя беист барф борида, бар асари офати табиии мушобеҳ дар вилояти Нуристон 14 кас, дар вилояти Парвон 13 тан, дар вилояти Бомиён 4 нафар, дар вилояти Бағлон 3 бошандаи маҳаллӣ ва дар вилояти Тахор бошад, 3 маскуни ин нуқтаи маъмурӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.