Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 1 март дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ доир мегардад. Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 06-00 то 20-00 боз хоҳанд буд; Қ урби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  5.4432 сомонӣ; 1 евро – 6.1723 сомонӣ; 1 рубли русӣ […]

ASIA-Plus



Анонс


– 1 март

дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ доир мегардад. Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 06-00 то 20-00 боз хоҳанд буд;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.4432

сомонӣ;


1

евро –

6.1723

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.08


96



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


28 Феврал


1992

– Таъсиси газетаи «Нидои ранҷбар», нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.


2000

— Интихоботи нахустин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.


2002

— Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ба Алмаато рафт. Дар нишаст Шартнома дар бораи таъсиси Созмони Ҳамкории осиёимиёнагӣ (ЦАС) ба имзо расид.


2010

— Дар кишвар интихобот ба Маҷлиси намояндагони ва маҷлисҳои маҳаллии ваиклони халқ доир гардид.


2011

– Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдорони ӯ аслиҳаашонро супурданд.


2013

— Палатаи болоии парлумон қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»-ро тасдиқ кард.


1927

– Зодрӯзи доктори улуми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Юсуфшо Яъқубов.


1936

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Акбар Ҷӯраев.


1939

– Зодрӯзи шарқшинос Матин Ҳусейнзода.


1948

– Мавлуди актриса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Эркаева.


1951

– Зодрӯзи сарояндаи эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Умар Зиёев.


1954

– Мавлуди собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов.


1962

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомуддинов.


1965

– Мавлуди олим Маҳмад Шодиев.


1 Март


1937

– Анҷумани VI-уми Шӯрои ҷумҳурӣ Конститутсияи РСС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишварро дарбар гирифт.


1967

– Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илму техника ва ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро дар соҳаи адабиёту меъморӣ таъсис доданд.


1993

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи афв»-ро ба имзо расонид.


2008

— Ҳайкали нахустини В.И.Ленин дар Душанбе кӯчонида шуд.


2011

— Ӯзбекистон бори дигар меъёри боҷи иловагии вуруд ва транзити нақлиёти автомобилӣ барои Тоҷикистонро афзуд.


2013

— Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои никоҳ бо хориҷиён зиёд карда шуд.


1925

– Зодрӯзи нависандаи халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб.


1934

– Мавлуди журналист Худодӯст Олифтаев.


1950

– Зодрӯзи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ.


1952

– Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Самариддин Фазлиддинов.



Вазъи обуҳаво


28 Феврал


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона 0+5; дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -2-7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.              

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда,  шабона баъан каме барф меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.     

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9. 


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.


1 Март


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ боришот дар назар аст 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +1+6.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +2+7; дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -1-6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.            

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот, туман.     

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11. 


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов