Ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун тендер эълон шуд

Дар сомонаи расмии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергеткии назди президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, комиссияи тендерӣ иштирокчиёни имконпазирро баҳри изҳори манфиат оид ба тарҳрезӣ, хариди таҷҳизоту маҳсулот ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» даъват мекунад. Зикр мегардад, ки сохтмони иншоот дар доираи чор қарордоди асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз гардида, анҷоми сохтмони нерӯгоҳ соли […]

ASIA-Plus



Дар


сомонаи расмии


Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергеткии назди президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, комиссияи тендерӣ иштирокчиёни имконпазирро баҳри изҳори манфиат оид ба тарҳрезӣ, хариди таҷҳизоту маҳсулот ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» даъват мекунад.

Зикр мегардад, ки сохтмони иншоот дар доираи чор қарордоди асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз гардида, анҷоми сохтмони нерӯгоҳ соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии

сомонаи радиои «Озодӣ»

бо истинод ба иттилоия дар бораи озмун, сохтмонро ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ҷалби маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо низ имконпазир аст ва ширкатҳои довталаб метавонанд, то рӯзи 10 март аз нияти худ барои иштирок дар озмун хабар дода ва аризаҳояшонро то 31 март ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар торнамои радио қайд мешавад, ки айни замон консорсиуми иборат аз ширкатҳои “Трактебл Инжинеринг”, “Коин энд Белле”-и Фаронса, “Электроконсалт”-и Итолиё ба ҷамъияти саҳомии “Роғун” кумакҳои фаннӣ мерасонанд. Як шарти озмун ин будааст, ки ширкатҳои довталаб, манбаи сармоягузорӣ ва гирифтани қарз барои сохтмони Роғунро ҳам пешниҳод намоянд ва мумкин аст, дар озмун таҷриба дар ин соҳаро ба инобат бигиранд.

Гуфта мешавад, қарор аст, дар чаҳорчӯби озмун, чаҳор қарордод бо ширкатҳои довталаб имзо шавад: аввал хариду ба истифода додани чаҳор агрегати нерӯгоҳ, бунёди сарбанд, бунёди туннелу обпартоҳо дар соҳили чап ва сохтмони толори мошинҳо ва дигар иншоот дар соҳили рости нерӯгоҳ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло ин озмун пешакист ва дар он ширкатҳои ботаҷрибае интихоб шуда, сипас дар озмуни асосӣ иштирок мекунанд. Раванди интихоб то ду моҳ ва то охири моҳи апрел идома мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.