Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бинобар сабаби аз офати табиӣ ҳ алок гардидани шумори хеле зиёди шаҳрвандони ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад: «Ҷалолатмаоб, хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бинобар сабаби аз

офати табиӣ ҳ

алок гардидани шумори хеле зиёди шаҳрвандони ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад: «Ҷалолатмаоб, хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт».

«Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаъол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд», – омадааст дар барқия.

Бино ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, бар асари ин офати табиӣ дар Афғонистон 260 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагон идома дошта, ба манотиқе, ки равуои нақлиёт ба онҳо имконпазир аст, кумаки башардӯстона ирсол мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.