Филми комили “Мулло Кирмак”-и Шабакаи Аввал

Филми дигари Шабакаи Аввал бо номи “Мулло Кирмак”, ки шоми 25-уми феврал пахш шуд аз фаъолияти Шералӣ Пардаев, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки худро табиб ва мулло муаррифӣ кардааст,  қисса мекунад. Ӯ дар ин филм ҳамчун мардуфиреб ва гумроҳ сохтани сокинони шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад. Дар навор гуфта мешавад, ки Шералӣ Пардаев пеш аз он ки […]

Азия-Плюс


Филми дигари Шабакаи Аввал бо номи “Мулло Кирмак”, ки шоми 25-уми феврал пахш шуд аз фаъолияти Шералӣ Пардаев, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки худро табиб ва мулло муаррифӣ кардааст,  қисса мекунад.

Ӯ дар ин филм ҳамчун мардуфиреб ва гумроҳ сохтани сокинони шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад.

Дар навор гуфта мешавад, ки Шералӣ Пардаев пеш аз он ки ба дуову табобат фаро бигирад ба онҳо пӯшидани чашмро амр карда хун ва кирми бо худ овардаашро дохили матои сафед пинҳон намуда, ба китфи беморон гузошта гӯё аз бадани онҳо дарду зиёнро берун меовардааст.  

Мадина Шарифова, равоншинос мегӯяд сабаби паст будани дониши мактаби ибтидоии мизоҷон аст, ки кирми лойхӯракро аз он кирмҳое, ки дар бадани инсон аст, фарқ намекунанд.

Равоншинос ҳамчунин илова мекунад Мулло Шералӣ аз оҷизии мардум истифода карда барои ба даст овардани маблағи муайян аз ҳолат ва умеди беморон истифода кардааст: “Вақте ки шахс умед дорад ё баракс ноумед аст, дар ин ҳолат истифода бурдани шахс бениҳоят осон аст”.

Фазлиддин Сайфиддинов, духтури бемориҳои сироятӣ оид ба намуди бемориҳои сироятӣ мисол оварда зикр мекунад: “Дар ҷаҳон зиёда аз 270 намуди бемориҳои паразитӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин 20 намудаш дар ҷумҳурии мо вуҷуд  дорад. Нишонаҳои бемории паразитӣ ин лоғаршавӣ, хотираи паст ,вақти хоб оби даҳон рафтан дар бемор мушоҳида карда мешавад. Як матоъро монанд ва кирм берун шавад, ман ба ин бовар надорам”.


Дар навор Мулло Шералӣ мегӯяд беморони рӯҳӣ, лакнати забон ва безуриётиро табобат мекардааст.

Абдулсамеъ Наҷотов устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар навор мегӯяд: “Истифода кардани ояҳои Қуръон барои ғаразҳои нопок аз дидгоҳи шариати Ислом мамнуъ ҳисобида шудааст”.

Манбаъ мегӯяд: “Пардаев Шералӣ Урозович, сокини шаҳри Ваҳдат, соли 1978 дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Ёвони ноҳияи Хатлон ба дунё омадааст. Ин нафар соли 2001 бо ҷурми истеъмоли маводи нашъадор дастгир карда шуда пеш судшуда мебошад. Айни ҳол дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат қарор дорад”.

Дар навор нишондоди мизоҷон, нархи тумору таштоб ва муносибати пайвандони Шералиро бубинед.

Ёдовар мешавем, ки Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал филмеро бо номи

“Ривояти Шайх Темур”

намоиш дод, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекард.

https://www.youtube.com/watch?v=OdPECO3JmQU

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.