Сафири Тоҷикистон дар ҳузури муовини вазири корҳои хориҷии Миср

Рӯзи 26 феврали 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳишом Бадр сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар вохӯрӣ масъалаҳои бисёрҷониба ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла  густариши ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 феврали 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳишом Бадр сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар вохӯрӣ масъалаҳои бисёрҷониба ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла  густариши ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби мисрӣ ният дорад, ки дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни 2015 баргузор мешавад, фаъолона иштирок кунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.