Ду намояндаи ҲХДТ, генерал Тоҳир Ҷобирзода аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-27 ва генерал Анвар Тағоймуродов аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд.
Тавре раиси ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар-27 Амриддин Иброҳимов хабар дод, дар ин ҳавза ба ҷонибдории собиқ муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Ҷобирзода 85%-и интихобкунадагон раъй дода, рақиби ӯ – номзади худпешбаришуда соҳибкор Маъруфҷон Рӯзибоев – 10,9%-и овозҳоро касб кардааст.
Бино ба иттилои раиси ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа-26 Амон Шаймонов, дар ҳавзаи мазкур бо касби 77,2%-и овозҳо номзади ҲХДТ, собиқи сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал Анвар Тағоймуродов пирӯзӣ ба даст оварда, ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрӣ – 6,3% ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 14,1%-и интихобкунандагон раъй додаанд.


