Шабдолов интихоботи парлумониро мазҳака унвон кард

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов интихоботи парлумонии баргузоршударо комилан мазҳака (фарс) унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, зимни маъракаи пешазинтихоботӣ, намояндагони ҳизб бо беш аз 400 ҳазор нафар интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, «ҳама онҳоро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифта буданд», вале тибқи натиҷаҳои интихобот, Ҳизби коммунист бо касби 2,3%-и овозҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов интихоботи парлумонии баргузоршударо комилан мазҳака (фарс) унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, зимни маъракаи пешазинтихоботӣ, намояндагони ҳизб бо беш аз 400 ҳазор нафар интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, «ҳама онҳоро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифта буданд», вале тибқи натиҷаҳои интихобот, Ҳизби коммунист бо касби 2,3%-и овозҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, меъёри 5%-ро ба даст оварда натавониста, ба парлумон роҳ наёфт.

Раиси ҲКТ изҳор намуд, ки ҳанӯз то интихобот маълумоте расида буд, ки ба ҳизби онҳо 3%-и раъйҳоро медиҳанд, вале КМИР инро рад намуда буд. «Шермуҳаммад Шоҳиён ба мо гуфта буд, ки ин овоза аст ва мо дар парлумон курсии худро мегирем. Бо ин роҳ ӯ моро маҷбур кард, ки бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронем, то ки онҳо ба овоздиҳӣ раванд. Ман намедонам, ки ба президент кӣ ин гуна машварат медиҳад, лекин ин иштибоҳ буда, натиҷаи манфӣ хоҳад дошт», – зикр кард Шабдолов.

«Магар паранда бо як бол парвоз карда метавонад? Акнун парлумон танҳо як бол хоҳад дошт, зеро Ҳизби аграрӣ идомаи ҳамон Ҳизби халқии демократӣ аст», – мутмаин аст раиси ҲКТ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба натиҷаҳои интихобот ҳизб дар маърази ом эътироз нахоҳад овард, чунки сулҳу субот дар кишвар муҳимтар аст. «Ҳамчунин мо ба касе шикоят бурданӣ ҳам нестем, зеро ҳамаи суду прокурорҳо таҳти итоати худи раҳбари давлат, президенти мо Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.