Сокини шаҳри Турсунзода, як зани 29-сол М.Д. ба гумони даст доштан дар фурӯши тифли навзоди худ боздошт шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки ӯ санаи 19-уми августи соли 2013 дар таваллудхона кӯдаки солими ҷинсаш занро ба дунё оварда, сипас ба шаҳрванд Р.М. соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 420 сомонӣ фурӯхтааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.


