Шӯрои сиёсии ҲНИТ: Интихобот ношаффоф ва ғайриозод баргузор шуд

Шўрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ раванди интихобот ва натоиҷи пешакии эълоншудаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро баррасӣ намуда, пеш аз ҳама ба мардуми шарифи Тоҷикистон барои ширкати фаъол ва огоҳона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ изҳори қадрдонӣ менамояд. «Ба хусус, ба ҳама касоне, ки раъйи худро ба ҷонибдории ҲНИТ ва номзадҳои ў […]

ASIA-Plus



Шўрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ раванди интихобот ва натоиҷи пешакии эълоншудаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро баррасӣ намуда, пеш аз ҳама ба мардуми шарифи Тоҷикистон барои ширкати фаъол ва огоҳона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ изҳори қадрдонӣ менамояд.

«Ба хусус, ба ҳама касоне, ки раъйи худро ба ҷонибдории ҲНИТ ва номзадҳои ў доданд ва дар баргузории маъракаҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ кўмак расониданд, барои мавқеъгирии ҷасурона дар чунин шароити душвор изҳори сипос менамояд. Мавқеъи мардуми тоҷик баёнгари он аст, ки ин миллат дар душвортарин шароит ҳам ҷонибдори аз адолат ва ҳақиқат намуда, зулм ва фишорро инкор менамояд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ваъдаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории интихоботи шаффоф ва баъзе иқдомҳои аввалияи КМИР умедро ба нисбатан демократӣ ва озод гузаштани интихобот ба вуҷуд оварданд. Вале, ҳанўз аз рўзҳои аввали маърака шароити баробар барои ҳама номзадҳо ва ҳизбҳо таъмин нагашт. Аз ҷумла, таъмин накардани ҳизбҳои сиёсӣ бо толор барои анҷуманҳои пешазинтихоботӣ, манъи овехтани плакатҳо, шиорҳо ва маводи видеоию овозии таблиғотӣ, сабти ном накардан ё бекор кардани шаҳодатномаи бештар аз 500 номзадии маҳаллии ҲНИТ, фишорҳои равонӣ, моддӣ ва ҳуқуқӣ болои фаъъолон ва номзадҳои ҳизб, эҷоди фазои фитнаангез ва иғвогарона дар мулоқотҳои номзадҳо аз амалҳое мебошанд, ки фаровон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои алоҳида анҷом шуданд. Боиси таъассуф аст, ки КМИР ва комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ дар марҳалаи ниҳоии интихобот истиқлолияти худро аз даст доданд, ки боиси дахолати мақомоти дигар ба раванди он гашт.

Гузашта аз ин, таблиғоти васеъ тариқи васоити ахбори оммаи давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва сохтани чеҳраи манфӣ дар ҷомеъа, ҳабс ва парвандасозӣ нисбати узви КМИР ва узви Раёсати Олии ҲНИТ бо мақсади таъсир расондан дар зеҳни интихобкунандагон роҳандозӣ гашта буд.

Дар баробари ин, аз имкониятҳои иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони дин ба ҷонибдории як ҳизб ва алайҳи ҲНИТ суйистифода шуда, принтсипи конститутсионии ҷудогии иттиҳодияҳои динӣ аз сиёсат ва мақомоти давлатӣ помол гашт.

Шўрои сиёсии ҲНИТ дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба раванди интихобот ва қонуншиканиҳои суратгирифта дар ҳамаи марҳалаҳои интихоботӣ, аз ҷумла, тақаллуб дар шуморидани овозҳоро зарбаи бузург ба арзишҳои мардумсолорӣ, суботу оромиши ҷомеъа медонад. Боиси нигаронист, ки ин ҳолат метавонад аз тарафи доираҳои ифротӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ истифода шавад.

Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундгароӣ бар дўши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд.

Бо назардошти ин, Шўрои сиёсии ҲНИТ интихоботи баргузоршударо ношаффоф ва ғайриозод дониста, натиҷаҳои эълоншудаи онро аз тарафи КМИР эътироф намекунад. Дар шароити надоштани ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ аз тарафи мақомоти судӣ ва КМИР, аз бурдани ҳамагуна шикоят ва даъво ба ин ниҳодҳо худдорӣ менамояд.

Хамзамон, аз мақомоти давлати тақозо мешавад, ки дар марҳалаи пасазинтихоботӣ ҳамагуна фишор, таҳдид ва амалҳои табъизомез (дискриминатсионӣ) нисбати аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро хотима бахшида, фазои сиёсии кишварро ба ҳолати мусолаҳатомез ва ваҳдати миллӣ баргардонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.