Раиси ИЖТ журналистонро бо иди касбиашон табрик кард



Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриро бо иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик кард.

Матни табрикотии раиси ИЖТ-ро дар зер манзуратон мегардонем:

«Ҳамкасбон ва ҳамқаламони гиромӣ!

Дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори буҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ ва аз самти муқобил томгароии комил рӯз аз рӯз ба кору фаъолияти Васоити ахбори умум таъсири амиқ мегузоранд. Дар чунин ҳолат кормандони ВАО бо мушкилиҳои хатарзо рисолати хешро иҷро менамоянд. Боиси таассуф аст, ки қатл ва таҳдиди журналистон аз ҷониби гуруҳу шабакаҳои тундгаро ва экстремистӣ пайваста сурат мегиранд. Ин боиси коҳиши озодии виҷдон, сухан ва дастрасии ВАО ба иттилооти муътамад мегардад.

Ҳамзамон, буҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи чопӣ, таҳоҷуми иттилоотӣ ба матбуоти катбӣ Васоити ахбори умумро барои адои хизмати касбӣ сади роҳ гаштааст. Ин равандҳо аз мо – кормандони ВАО ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди ҳирфаиро тақозо менамоянд.

Боиси хушнудист, ки матбуоти тоҷик сарфи назар аз чунин мушкилот ва монеаҳо рисолати касбияшро сарбаландона иҷро менамояд.

Инак, дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад».

Дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз соати 16-00 дар Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони ВАО


ҷамъомади тантанавӣ


доир гардида, дар он журналистони беҳтарин бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин ба ин муносибат консерти устодони санъати кишвар баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд.

spot_imgspot_img

Популярное