Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Душанбе дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро, ки рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ дод, зимни мулоқот масоли густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар муқовимат бо таҳдиду ситезаҷӯиҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амният дар кишвар дар партави хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ (НАТО) аз Афғонистон, вазъи марбут ба зуҳуроти терроризм дар кишварҳои минтақа, омода кардани кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон дар макотиби олии низомии кишварҳои узви СААД батафсил таҳлилу баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.
Дар идома таъкид шуд, ки Ш.Мирзо ба дабири кулли СААД роҷеъ ба ҳадаф ва вазифаҳои тамринҳои бузургмиқёс бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши миллии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ҷараён доранд, маълумоти муфассал дод.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД давоми соли ҷорӣ, нақшаи чорабиниҳои Созмон, ки дар Душанбе доир мегарданд ва дигар масоили мавриди назари тарафайн низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.



