Раиси пойтахт нақшаи зиддибуҳронии иқтисодро тасдиқ намуд

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе  дар давоми солҳои 2015-2016-ро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар нақшаи мазкур ба сохторҳои дахлдор дарёфти сарчашмаҳои нави воридоти маблағ ба буҷет дар сурати афзоиши хавфи беруна ба иқтисоди шаҳр, кам кардани хароҷот […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе  дар давоми солҳои 2015-2016-ро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар нақшаи мазкур ба сохторҳои дахлдор дарёфти сарчашмаҳои нави воридоти маблағ ба буҷет дар сурати афзоиши хавфи беруна ба иқтисоди шаҳр, кам кардани хароҷот тибқи баъзе моддаҳои буҷет, ба ҷуз самтҳои иҷтимоӣ дастур дода шудааст.

Дар нақшаи мазкур, худдорӣ кардан аз хароҷотҳои иловагии берун аз нишондиҳандаҳои дар буҷети соли ҷорӣ  тасдиқшуда ва кам намудани шумора ва камхарҷу сарфакорона гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва илмию варзишӣ дар арафаи иду ҷашнвораҳо, аз ҷумла, фестивалҳо, конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳо, маҳфилҳо, намоишгоҳҳо, марафонҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, шабҳои эҷодӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва ҷашнҳои соҳавӣ тавсия дода шудааст.

Ҳамчунин дар нақшаи тасдиқшуда дастгирии соҳибкорони ватанӣ, фароҳам сохтани зиёда аз 21 ҳазор ҷойи корӣ дар шаҳр, бозбинии сиёсати рӯёнидани қарзҳо назди буҷет ва дигар тадбирҳои судманд пешбинӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.