Мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон бо дабири кулли СААД

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Душанбе дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро, ки рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ дод, зимни мулоқот масоли густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар муқовимат бо […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Душанбе дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро, ки рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ дод, зимни мулоқот масоли густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар муқовимат бо таҳдиду ситезаҷӯиҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амният дар кишвар дар партави хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ (НАТО) аз Афғонистон, вазъи марбут ба зуҳуроти терроризм дар кишварҳои минтақа, омода кардани кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон дар макотиби олии низомии кишварҳои узви СААД батафсил таҳлилу баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Дар идома таъкид шуд, ки Ш.Мирзо ба дабири кулли СААД роҷеъ ба ҳадаф ва вазифаҳои тамринҳои бузургмиқёс бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши миллии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ҷараён доранд, маълумоти муфассал дод.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД давоми соли ҷорӣ, нақшаи чорабиниҳои Созмон, ки дар Душанбе доир мегарданд ва дигар масоили мавриди назари тарафайн низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.