Талаби 10 соли зиндон ба собиқ ровии телевизион Муаттара Ҷӯраева

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад. Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ доданд, ки суд маҳкум намудани Муаттара Ҷӯраева ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ доданд, ки суд маҳкум намудани Муаттара Ҷӯраева ба 10 соли зиндонро дархост намуда, аммо тибқи қонуни афви ба муносибати 20-солагии Конститутсия эълоншуда, сеяки муҳлати ҷахои ӯ кам карда хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик ба Муаттара Ҷӯраева барои ибрози сухани ниҳоӣ ҳуқуқ дода шуда, сипас ҳукми нисбати ӯ эълон карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки М.Ҷӯраева метавонад тибқи қонуни афви аз ҷониби президент ба имзорасида мавриди афв қарор гирад. Ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ 


15 октябри соли 2014


 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ (моддаи 247 КҶ ҶТ) боздошт шуда буд.

Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Бахтиёр Юсупов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар М.Ҷӯраева мутобиқи меъёрҳи қонуни ҶТ «Дар бораи афв» зиёни молиявии ба шаҳрвандон расонидаашро ҷуброн созад, метавонад озод карда шавад.

МуаттараҶӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки баъди як ҳафтаи боздошти М.Ҷӯраева Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати муфаттиши ШВКД-2-и ноҳияи Сино Мустафоқул Каримов 


парвандаи ҷиноӣ боз намуд.


 Муфаттиш, ки аввали моҳи октябр нисбати диктори маъруфи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд, боздошт гардид.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.