Давоми як шабонарӯз дар вилояти Суғд 3 далели даст ба худкушӣ задани мардон ба қайд гирифта шуд.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин дафъа як донишҷӯ ва ду марди оиладор ба ин амал даст задаанд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10 март донишҷӯи соли 2-юми Донишкадаи кӯҳкорӣ-металлургӣ, сокини шаҳри Кайроққум, И.И.-и 20-сола дар манзили иҷорааш худро ба дор овехта, ҳамин рӯз сокини ноҳияи Мастчоҳ, падари панҷ фарзанд М.К.-и 53-сола низ бо ин роҳ худро куштааст.
«Шоми рӯзи 10 март сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, падари 3 фарзанд М.К.-и 45 сола низ даст ба худкушӣ задааст», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ҳамаи ин далелҳо корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.



