Швейтсария низоми обтаъминкунии 140 ҳазор тоҷикистониёнро беҳтар мекунад



Ҳукумати Швейтсария амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба обтаъминкунии як қатор шаҳрҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ва маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро маблаггузорӣ мекунад.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи-2» рӯзи 12 март дар Душанбе ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани низоми обтаъминкунии 140 ҳазор нафар аҳолии шаҳрҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ аст. Дар доираи амалисозии лоиҳа насби пайвасткунандаҳои иловагӣ, ҳисобкунакҳои хароҷоти об, дастрас кардани таҷҳизоти амалиёт ва таъмир, сохтмони махзан (резервуар)-ҳо барои захираи об, беҳбуди низоми ҷамъоварӣ ва поккории об ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағи умумии лоиҳа беш аз 18 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуда, 9 млн. доллари он ба сифати бурс аз ҷониби ҳукумати Швейтсария ҷудо карда мешавад. Саҳми Бонки аврупоии таҷиду рушд дар лоиҳаи мазкур зиёда аз 9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати амалисозии лоиҳа то соли 2018 муқаррар шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное