ММТ ба эҳтиёт аз қаллобон зимни имтиҳонҳои дохилшавӣ даъват мекунад



Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон ба худдорӣ варзидан аз дастгирии ҳама гуна ашхос, ки зимни имтиҳонҳои қабулшавӣ барои мукофоти муайяне кумак ваъда медиҳанд, даъват мекунад.

Дар


муроҷиатномаи ММТ


дар сомонаи расмии марказ дар ин робита зикр мегардад, ки имкон дорад шахсоне пайдо шаванд, ки бо мақсади дарёфти манфиат дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ваъда диҳанд.

«Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонад ва хоҳиш менамоем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин нафарон наафтед», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Гуфта мешавад, ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур  ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад.

«Мутмаин бошед, ки имкони дахолати беруна ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад», – омадааст дар муроҷиатнома.

Таъкид мешавад, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна  амалҳои номатлуб дар низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон 20 декабри соли 2013 таъсис дода шуд. Аввали соли гузашта Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президент табдил дода шуд.

spot_imgspot_img

Популярное