БОР нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёгии рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарввари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуда, ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари америкоӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.

Интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи босамари Нақшаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки назаррас расонад.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное