Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар гузориш барои соли 2014 ба ҳукумат афзоиши маблағгузорӣ баҳри беҳбуди шароити маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳиро тавсия медиҳад.
Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2014 дар муассисаҳои муолиҷавии зертобеъи Вазорати адлияи Тоҷикистон 80 нафар маҳкумшудагон аз олам даргузаштанд, ки 25 нафари онҳо аз бемории сил ва боқимонда бар асари дигар бемориҳо фавтидаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар гузориш оид ба қатъи интиқоли барқ дар муассисаҳои ислоҳӣ низ маълумот дода шуда, зикр мегардад, ки соли 2014 Омбудсмен аз 5 муассисаҳои ислоҳӣ – тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хоруғ, муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар муассисаҳои боздид намуда, дар баъзе аз муассисаҳо мушкилоти таъминот бо нерӯи барқ мавҷуд будааст.
«Раҳбарияти ин муассисаҳо ба Омбудсмен изҳор намудаанд, ки тез-тез қатъ шудани интиқоли барқ ба таъмини амният дар муассисаҳои ислоҳӣ монеъаҳо эҷод мекунад ва аз ин рӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳукуматдорон дархост мекунад, ки муассисаҳои ислоҳӣ мунтазам бо барқ таъмин карда шаванд», – омадааст дар гузориш.
Дар гузориши Омбудсмен ҳамчунин аз мушкилоти дигари муассисаҳои ислоҳӣ – таъмини маҳкумшудагон бо кор низ сухан меравад.



